Имрӯз 11 майи соли 2023 бахшида ба моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон тибқи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, факултети №4-и Акедимияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Маркази фарҳанг» -и шаҳри Хуҷанд Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Ҷавонон нерӯи пешбарандаи сиёсати давлат» баргузор гардид.

Чорабиниро сардори факултети №4-и Акедимияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия М.Ғафурӣ ифтитоҳ намуда, моҳияти баргузории онро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, маърӯзаи мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров дар мавзӯи “Пайравони Пешвои миллат”, маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар тарѓиби арзишҳои миллӣ”, маърӯзаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссар Қаҳорӣ дар мавзӯи “Оилаи солим, ҷомеаи солим”, маърӯзаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети №4-и Акедимияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия М.Муллобоев дар мавзӯи “Сабаб ва шароитҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ”, маърӯзаи муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4-и Акедимияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия М.Маъруфзода дар мавзӯи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва ҳомии дастовардҳои Истиқлол”, маърӯзаи курсанти курси сеюми факултети №4-и Акедимияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти милитсия Исмоил Умаров дар мавзӯи “Ҷавонон - такягоҳи боэътимоди Ватан” ва маърӯзаи раиси Шӯрои ҷавонони факултети №4-и Акедимияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Ш.Шохолиқзода дар мавзӯи “Ҷавонон имрӯзу фардои Ватананд” шунида шуд.

Баромадчиён зимни суханронии худ вобаста ба нақши Пешвои муаззами миллат дар тарбияи ҷавонони кишвар ҳарф зада, қайд карданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.

Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.

Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Баъд аз шунидани маърӯзаҳо аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ якчанд ҷавонони фаъол бо Сипоснома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз ҷониби курсантони факултети №4-и Акедимияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.