Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Хуҷандобуканал» муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Фирдавс Саидов бо раиси ташкилоти ибтидоӣ мулоқот доир намуд.

Зимни вохӯрӣ ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳои ташкилоти ибтидоӣ аз санҷиш гузаронида шуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ якчанд маслиҳатҳо дода шуд. Ҳамзамон оид ба баргузор намудани чорабиниҳо доир ба Қабули қатъномаи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» ва эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ташкилоти ибтидоӣ дастуру супоришҳо дода шуд.