Қарори Комиссияи шаҳрии интихоботи шаҳрии интихобот доир ба интихоботи вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 18.12.2016 №8.
Оиди бақайдгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати панҷум) аз ҳавзаҳои интихоботии “Ситора”, №13 ва “Хуросон”, №29.

Мутобиқи моддаҳои 43 ва 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва бо назардошти протоколи №5 аз 18 декабри соли 2016, комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихоботии “Ситора”, №13 ва “Хуросон”, №29 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати панҷум) Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой дар ҳавзаи интихоботии “Ситора”, №13 ва Ғайбуллозода Хайрулло дар ҳавзаи интихоботии“Хуросон”, №29 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихобшуда дониста шуданашон Комиссияи шаҳрии интихобот   қ а р о р  к а р д:

  1. Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой, соли таваллуд 1962, маълумот олӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, узви Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, сокини шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии “Ситора”, №13 ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шавад.
  2. Ғайбуллозода Хайрулло, соли таваллуд 1971, маълумот олӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд, узви Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, сокини шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии “Хуросон”, №29 ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шавад.
  3. Оиди вакилони бақайдгирифташудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаҳои интихоботии “Ситора”, №13 ва “Хуросон”, №29  тавассути рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» маълумот дода шавад.

Раиси комиссияи шаҳрии интихобот                           Наҷимов М.С.
Котиби комиссияи шаҳрии интихобот                         Ҷумаева М.Р.