Санаи 7-уми августи соли 2015 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки олимони ҷавони донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва як қатор ҷавонони фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизб конфронси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон зидди терроризм ва ифротгароӣ» баргузор гардид. Аз рӯи барномаи кори конфронс нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳозиронро бо рӯзномаи Конфронс шинос намуда, оид ба масъалаи терроризм ва ифротгароӣ суханронӣ намуд. Сипас, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳри Маҳмадсалим Ҳаитов дар мавзуи «Ҷавонон муқобили терроризм ва ифротгароӣ» маърӯза намуд. Аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», муовини Раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷумъабой Исоматдинов оиб ба мавзӯи «Дар пешгирии терроризм ва экстремизм амали якҷоя мебояд» суханронӣ намуд. Аз тарафи ҷавонон якчанд саволҳо ва пешниҳодҳои мушаххас дода шуданд. Намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадина Ҳомидава баромад намуда, оид ба бартараф намудани амалҳои номатлуб дар ҷомеа якчанд масъалагузориҳо намуд. Ҳамчунин дар конфронс намояндагони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни конфронс муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба тамоми ҷавонони кишвар қабул карда шуд. Қарор карда шуд, ки ин муроҷиатнома дар рӯзномаи Шафақ чоп карда шавад.