Яке аз собиқадори ҲХДТ Аҳмадҷон Солиҷонов ба сини мубораки 63 – солагӣ расид. Ба ин муносибат аҳли маорифчиён, ҳизбиён ва дӯстон барои табрикоти рӯзи мавлуди ин шахс, ки зиёда аз 40 сол фаъолияти педагогӣ ва ҷамоатчигӣ дорад, ҷамъ омада дар ҳаққи устод Аҳмадҷон Солиҷонов суханҳои қимматнок арзи баён доштанд. Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода Қосимӣ кушода эълон намуд ва суханҳои табрикотиро ба намояндагони аҳли зиёии вилоят: мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Шоҳканд (Чкалов) Икромиддинов Ҷалолиддин, директори литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд Маҷид Наимов, Роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Наим Назаров, Аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов, директори Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони вилояти Суғд Муҳаммадҷон Исоматдинов ва аҳли хонаводаи соҳибҷашн супорид, ки онҳо дар ҳаққи соҳибҷашн суханҳои самимонаро иброз намуданд. Аз ҷониби намояндагони ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд Аҳмадҷон Солиҷонов барои хизматҳои шоён дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб бо медали ҷашнии «20 солагии таъсисёбии ҲХДТ» ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. Дар охир соҳибҷашн ба сухан баромада, изҳори миннатдории худро барои қадрдонии ӯ, ба аҳли иштирокчиёни чорабинӣ баён намуд.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 5815
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 5568
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 4021
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 4002
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 3408
-
ВАҲДАТ-НАҶОТИ МИЛЛАТ2022-08-10 12
-
“Терроризм хатарест ба аҳли башар”2022-08-03 29
-
ИЗҲОРОТ НИСБАТИ СУХАНРОНИИ ОЗАР ВА ОРАЗ НАЗИРБКОВҲО2022-08-03 34
-
ПЕШГИРӢ ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ2022-08-02 41
-
Хизмат ба Ватан – хизмат ба Модар2019-10-03 729
-
Хуҷанд: АРТИШ ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ2022-02-19 135
-
ҲИЗБИЁН ПАХТА МЕЧИНАНД2019-10-13 638
-
ТАҶЛИЛИ «НАВРӮЗ» ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ2018-03-17 1065
-
Боздид аз хонаи кӯдакон2015-12-25 1188
Меҳмонон