Ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар якчанд давлатҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ки ин ҷашн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса баргузор мегардад.

Бо ин мақсад имрӯз 18 майи соли 2023 дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо иштироки сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов, мудири бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Таҳмина Абдуқодирзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва дигар шахсони расмӣ чорабинии идона доир шуд.

Зимни баромад аз ҷониби меҳмонони чорабинӣ қайд гардид, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон нақши муассир дорад.

Таъкид гардид, ки осорхона оинаест, ки ба гузаштаи дур назар кардану дарк сохтани ояндаи дурахшон имкон медиҳад, пас мебояд пайваста аз ин макони таърихию фарҳангӣ дидан намуд ва ба худ ғизои маънавӣ гирифт.

Дар охир аз ҷониби меҳмонон фаъолони соҳа бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанги вилоят қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ ба 5 нафар шахсони арзанда, ки ба унвони кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.