Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба аксияи вилоятии «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» дар ташкилоти ибтидоии Кумиҷроияи шаҳри Хуҷандии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази Тоҷикстандарти вилояти Суғд вохӯрӣ доир карда шуд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Маркази Тоҷикстандарт, аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Бобоев чорабиниро оғоз карда дар мавзӯи «Мубориза бар зидди тамаъҷӯӣ ва рафторҳои коррупсионӣ» маърӯза кард. Аюбҷон Бобоев дар маърӯзаи худ қайд кард, ки хизматчиёни давлатӣ, хусусан он мутахассисоне, ки бевосита бо соҳибкорон сару кор доранд, хуш муомила бояд бошанд ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси одоби хизматчии давлатиро қатъиян риоя намоянд. Дар охир аз рӯи масъалаи мондашуда муҳокимаҳо ва саволу ҷавобҳо баргузор гардид.