Чуноне ки борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон қайд намудаанд, мо як модар, як Ватани маҳбуб дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Яъне модар ва Ватан ду қисми ҷудонашавандаи як пайкар ҳастанд. Тавре ки барои ҳар инсон хизмат ба волидон, аз ҷумла ба модар фарз аст, ба ҷо овардани хизмати Ватан, посбонӣ намудани марзу буми он ва самгузорӣ дар пешрафту ободияш барои ҳар ҷавон қарзи муқаддас ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, хизмати ҳарбӣ мактаби бузурги обутоби ҷисмонӣ аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастию худогоҳӣ ба камол мерасонад. Бинобар ин, ҷавонони мо бояд бо шукргузорӣ аз амонию тинҷӣ ва тани сиҳату рӯзгори хуррами худ қарзашонро ҳам дар назди Модар ва ҳам дар назди Ватан ба ҷо оранд. Ин нукта зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таъкид шуд.

Гурӯҳи мазкур дар ҳайати мудири шуъбаи кор бо занон Заррина Манонова ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Олимҷон Норматов бо як гурӯҳ ҷавонон дар маркази шаҳр, ки ҷои ҷамъшавии теъдоди зиёди одамон аст, суҳбат орост. Бояд гуфт, ки бо назардошти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, чунин мулоқотҳо дар дигар маҳаллаву минтақаҳои шаҳр ҳам доир шуда истодаанд ва то анҷоми маъракаи даъват идома хоҳанд ёфт.