Наврӯз ҳамчун анъанаи неки ниёгони ориёии мо мебошад, ки дар сайри таърихии худ роҳи пурпечутобро тай намуда то ба ин рӯз мазмуни ғанитар касб кардааст.

Боиси хушнудию сарфарозист, ки дар сессияи         64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи “Тамаддуни ҷаҳонӣ” аз           23-феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмиллалӣ гирифт.

  Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кард. Басо рамзист,ки Наврӯз ба ҷашни байналмиллалӣ табдил ёфт, чунки моҳиятан ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Бинобар ин мо, тоҷикистониён ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ,баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бо шукӯҳ таҷлил менамоем.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизби аз он ҷумла дар КИИ Осимӣ, Б.Ғафуров, Инқилоб ва ташкилотҳои ибтидоии Беморхонаи бачагона,Тошхӯҷа Асирӣ, Касб, Мадад оид ба мавзӯи “Наврӯз-эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари ҳунарҳои мардуми” рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид.