Дар шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ адр шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи кории Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар партави интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 мулоқот баргузор гардид.

Бахтиёр Исматҷонов – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мутобиқи қарори Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2023, таҳти №184 “Дар бораи таъин кардани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13”, рӯзи баргузории интихобот 16 июли соли 2023 таъин карда шудааст.

Аз ҷониби шахси боэътимоди номзад ба вакилӣ Муҳаббат Маҷидзода шарҳи ҳоли Муинӣ Мавсума Муинзода ба самъи ҳозирин расонида шуд.

 Сипас, номзади пешниҳоднамудаи Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Муинӣ Мавсума Муинзода доир ба барномаи пешазинтихоботии худ маълумоти муфассал дод.

Зикр гардид, ки таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон гувоҳ аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва таъмини якпорчагии мамлакат ташкил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба як ташкилоти бонуфузи сиёсӣ, такягоҳи боэътимод, ҳизби ормонҳои миллӣ ва дорои сохтори муназзаму мураттаби ташкилӣ табдил ёбад. Маҳз ҳамин авомил сабаб шуд, ки аксари мардум ғояҳои сиёсию иҷтимоии онро дастгирӣ карданд. ҲХДТ тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи Барномаи худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзояш ва дастгирии бештари қишрҳои дигари солимфикри ҷомеа дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва гузаронидани ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ талош варзида, дар ташкили сохторҳои нави давлатӣ саҳми намоён гузошт.

Қайд гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад низ дар асоси Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ омода шуда, он барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.