Дар доираи нақша – чорабинии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаҳои ҳисоботӣ дар ҳамаи 856 ташкилотҳои ибтидоӣ бомаром идома дорад. Нуктаи хушоянд он аст, ки дар аксари ҷаласаҳои ҳисоботӣ кормандони дастгоҳи кумиҷроияҳо, аъзои раёсат ва аъзои кумиҷроияҳо ширкат варзида, барои беҳбудии кор дастурҳои созанда медиҳанд.Чунин як ҷаласаи ҳисоботӣ нимаи дуюми имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ба номи Қодир Раҳимови шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии мазкур  Гулчеҳра Ҳотамова аз фаъолияти яксолинаи ташкилот назди ҳозирин гузориш дод. Қайд шуд, ки ҷомеаи аҳлу тифоқи ташкилоти ибтидоӣ дастуру вазифагузориҳои кумиҷроияи шаҳриро пайваста дар мадди назар гирифта, дар давраи ҳисоӣотӣ чор ҷаласа ва наздик ба 25 маҷлисҳои нақшавӣ гузаронид. Зимни ҷаласаҳо низоми ҳуҷҷатгузорӣ, татбиқи дастурҳои роҳбарияти олии ҳизб,  рафти пардохти аъзоҳаққӣ, ҷараёни обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятӣ Мадина Салимзода  зимни баромад таъкид намуд, ки омили асосии дар як мудати кӯтоҳ дар ҷомеа нуфуз пайдо кардан ва ба пешрафт ноил гаштани ҳизби мо дар он аст, ки он манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро ҳимоя мекунад ва барои бароварда сохтани ормонҳои онҳо талош меварзад.

     Эҳсон Исоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар баромадаш таъкид дошт, ки омӯзгорон чун раҳнамо ва пештози ҷомеа дар ҳама давру замон рисолати касбии худро бо амри виҷдон софдилона ба ҷо оварда, ҳамзамон дар пешрафт ва шукуфоии давлат саҳми мондагор мегузоранд. Ба ҷузъ аз рисолати омӯзгорӣ имрӯз устодон дар пиёда намудани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб саҳми мондагор дорад.

Дар фуроварди кори ҷаласа ба 10 нафар аъзоёни нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.