"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Чорабиниҳои идона дар қисмҳои низомии шаҳри Хуҷанд

Рӯзи гузашта бахшида ба 24 солагии таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисмҳои низомии дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гашт.

Аз ҷумла чунин як тантанаи пуршукӯҳи идона дар қисми низомии 3501 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар қисмати расмӣ тамоми сарбозону афсарони дар майдони низомӣ ҷамъомадаро муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло

Чорабинии ҳарбӣ- варзишӣ дар Гимназияи№ 4

Дар Гимназияи № 4 шаҳри Хуҷанд мусобиқаи дохилимактабии ҳарбӣ – варзишии “Ватанпарвар” бахшида ба ҷашни 24-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 11 баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Шӯрои иттифоқи собиқадорону ҷанговарони интернатсионалист дар шаҳри Хуҷанд Муқимҷон Қобилов, мутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ҳамчунин намояндагони Ҷамъияти Мададгори Мудофиа, идораи маорифи шаҳру вилоят ширкат намуданд.

АРТИШИ МИЛЛӢ НЕРӮИ БУЗУРГИ ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМ

Ба ифтихори 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки устодон ва шогирдон доир гардид.

Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ аҳли нишастро бо ин санаи фархунда шодбош намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Артиши миллии кишвар дар шароити ҳассос ва мушкили кишвар арзи ҳастӣ намуда, бо шарофати ғамхорӣ ва дастгирии пайгиронаи