Дар идомаи сафари худ ба шаҳри Хуҷанд Муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳамроҳии раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Сатториён Матлубахон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ ба аёдати собиқадорони меҳнат Наима Муъминова ва Мухтор Комилов рафта, зимни суҳбату гарму самими аёдатшудагонро бо ҷашни мубораки Наврӯз муборакбод гуфтанд. Қайд карда шуд, ки аҳволи якдигар ошно шудану дасти хайру сахо кушодан дар остонаи ҷашни Наврӯз аз оинҳои наврӯзӣ буда, инсонҳоро ба мардумсолорӣ ва дӯст доштани якдигар даъват менамояд.

Дар навбати худ аёдатшудагон барои дастгирии ҳамешагӣ ба Роҳбарияти олии ҳизб арзи сипос намуда, баён доштанд, ки эътимоду боварии мардум ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сол ба сол зиёд мешавад. Зеро ҳадафи ҳизб ин ободгароӣ даъват ба зиндагии ростин аст.

Ин пирони кордида барои ободӣ ва пешрафту шукуфоии кишвар таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст бар дуо бардоштанд.