Ҳамдиёрони азиз!
Омадани баҳори нозанин ва фарорасии Наврӯзи фархундапай, ки ба диёри зебоманзари мо таровати хоса зам мекунад, ба ҳамшаҳриён ва кулли ҷонибдорони ҳизб муборакбод менамоем.
Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар кишвари соҳибистиқлоли азизамон таҷлил мегардад. Воқеан, ҳам Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо -тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад. Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат таъкид медоранд: “ Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.”
Гуноҳҳои ҳамдигарро бахшидан, дидорбинии хешу табор, аёдати ашхоси барҷомонда, кӯмак расонидан ба шахсони муҳтоҷ ва омода намудани хӯрокҳои миллӣ, аз қабили пухтани суманак яке аз анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, мардум бо руҳияи болидаву идона Ҷашни Наврӯзро пешвоз мегиранд, ки ин ҳама аз тинҷиву оромӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон дарак медиҳад. Аз ин ҷиҳат мардум бо ҳам муттаҳид гардида, дӯстӣ байни ҳамдигар боз ҳам қавитар мегардад. Бори дигар фарорасии Наврӯзи байналмилалироро ба кулли ҳамдиёрон муборакбод гуфта, таманнои онро дорем, ки Наврӯзи имсола бо сахову тароват ва баракоташ ба хонадони ҳар як мардуми тоҷик файзрезӣ намояд. Бигзор Наврӯз дар мулки тоҷикон ҳамеша пойдор ва сокинон зери партави он зиндагии орому осуда дошта бошанд.
Иди Наврӯзи хуҷастапай муборак!