Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бахшида ба 23-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ мулоқот бо собиқадори ҷанг, устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти КИМ ва КИВ ҲХДТ бо фарорасии 23 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ таҳният гуфта, барояшон хонаи обод, осмони соф таманно намуд ва ба 6 нафар собиқадорон, иштирокчиёни ҷанг тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳриро тақдим кард.