Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони муассиса ва истиқоматкунандагони кумитаи маҳаллаи Раззоқи шаҳр вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, директори Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд Мунаввара Дадобоева ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат варзиданд.

Мунаввара Дадобоева зимни баромад қайд намуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 26 декабри соли 2019 доир гардид, ҳамчун санади муҳими барномавӣ ифода шуда, сармашқи кори тамоми халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Яқинан Паём муҳимитарин барномаи дорои хусусияти созанда ва ватандӯстиву ватанпарастӣ буда, оғози ҳамагуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода мешавад.