Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои ҷавони ҳизб ва собиқадорон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ «Сомон» дар назди кумитаи маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Сараввал, лоиҳаи қарорҳо оид ба ҳайати раёсат ва  котиботи кори конференсия, комиссияи мандатӣ ҷиҳати муқаррар намудани ваколати вакилон ва  ҳайати комиссияи таҳририяи лоиҳаи қарорҳо тасдиқ гардид.

Сипас, тибқи рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» профессор Муъмин Шарифзода аз фаъолияти  кумитаи иҷроияи ибтидоӣ   ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» дар назди кумитаи маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ба соли таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, дар ин давра бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи иқдомҳои ватандӯстона амалӣ гардида истодааст.

Бахусус, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар ҳошияи  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ тарҳрезӣ шудаанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва Оинномаи ҳизб ба роҳ монда шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раиси кумитаи иҷроияи  ибтидоии “Сомон” д.и.и., профессор М.Шарифзода қайд гардид, ки ташкили дохилиҳизбӣ ва қабули сифатноки аъзо ба ҳизб, мунтазам доир намудани ҷаласаи ҳисоботӣ, сӯҳбату вохӯриҳо дар ҳошияи сиёсати барномавии ҳизб, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик,  тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд,  ташкили аксияҳо, татбиқи бандҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар сатҳи баланд ташкил кардани маъракаи обуна, таҷлили ботантанаи ҷашнвораҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ аз фаъолияти пурсамари аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ “Сомон” маҳсуб меёбад.

Дар идома, аз рӯи масъалаи баррасишуда як зумра иштирокчиён ба музокира баромаданд. Музокирачиён даъват ба амал оварданд, ки дар назди кумитаи маҳаллаи Суғдиён минбаъд низ фаъолияти худро тибқи талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ба роҳ монда, дар самти иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи марказию вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум.” кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Наим Маликисломӣ зимни суханронӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» дар назди кумитаи маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷандро назаррас арзёбӣ намуд.

Дар идома нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ гардида, раис ва муовини раис, ҳайати нав ва вакилони  Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб гардиданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои қабулгардида ва вазифагузориҳо дар фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» дар назди кумитаи маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таъмини ваҳдату ягонагӣ, сафарбар намудани ҷомеа ба корҳои созандагию ободонӣ ва нишон додани  вокуниши устувор ба андешаҳои ғаразноку таҳрибкори ҳизбҳои ифротгаро, ки аз рисолати наҷибу созандаи ҳизб маҳсуб меёбад,  мусоидат хоҳад кард.