Тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯриву мулоқотҳо дар такишкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр бо маром баргузор гардида истодааст. Ҳамингуна вохӯрӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Хонаи пиронсолон” бо иштироки аъзои гурӯҳи тарѓиботӣ Зеварой Бобоева ва мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти кумиҷроия Ғуфронҷон Шарипов гузаронида шуд.

Мақсад аз ташкил ва баргузории  вохӯриву мулоқотҳо ин ба мардум фаҳмонидани  моҳият, ҳадаф ва шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат  мебошад.