Бо мақсади тарбия намудани хонандагон дар руҳияи далерӣ, шуҷоатмандӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, шинос намудани толибилмон ба дастовардҳои замони Истиқлолият бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрӯз дар назди Қасри тениси шаҳри Хуҷанд озмуни «Расмкашӣ» дар рӯи асфалт байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи дониш ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият ҳастии миллат» баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар қайд кард, ки  имрӯз мо бояд ба қадри сулҳу оромии Ватани маҳбубамон расем, ва сари таъзим фуруд орем, назди онҳое, ки дар ҳифзи Ватан ҷонбозиҳо намуда, бо меҳнати софдилона Тоҷикистонро ба як гӯшаи биҳишосо табдил додаанд.

Сипас наздик ба 40 нафар толибимони мактабҳои шаҳр дар рӯи асфалт бо мусаввираҳои дилошӯби худ хотири тамошобинонро шод намуданд. Аён буд, ки хонандагон аз таърихи миллати куҳанбунёди худ ва аз дастовардҳои замони Истиқлолият тасаввуроти беш доранд. Онҳо бо як маҳорати хосса расми байрақу нишони Тоҷикистон ва якчанд дастовардҳои истиқлолиятро тасвир намуданд. Дар ҷамъбаст ғолибон – дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 соҳиби ҷои аввал, зинаҳои баъдиро хонандангони МТМУ №22 ва №28 ишғол намуданд. Ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 3 ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин дар ҷамъбаст ба ҳамаи иштирокчиён Раиси кумиҷроия дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Бо ҳамин чорабинӣ ҳусни хотима ёфт.