Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ифтихори иди касбии омӯзгорон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси КИВ ҲХДТ Аминҷон Шарифзода, раиси иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маорифи вилоят Мусобек Мироватов ширкат варзиданд.Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд,доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшеди Ҳабибуллоҳ оғоз ёфт.Мавсуф нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд тӯли наздик ба 80 сол аст, ки дар омодасаозии кадрҳои педагогӣ заҳмати беш кашида, дар ин ҷода муваффақ  гардидааст.

Паёми муборакбодии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро Аминҷон Шарифзода, ба самъи ҳозирин расонда, баён дошт, ки омӯзгорон бо рисолати созандагии худ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизби бунёдкор нақши калидӣ доранд.

Дар суханронии Мӯсобек Мироватов ҳарфи муҳаббат нисбати сабақомӯзи аҳли башар гуфта шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев ва номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нуров медали ҷашнии ҳизб супорида шуд. Ҳамчунин Ифтихорнома ва сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ ба ҳизбиёни фаъоли кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар вазъияти тантанвӣ супорида шуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаҳои шуху ҷаззоб пешкаши ҳозирин гардонида шуд.