Тибқи   ҷадвали  тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  рӯзи 02 феврали соли 2019  дар Ташкилоти ибтидоии маҳаллаи  «Ҷӯра Зокир»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки  васеи  ҷавонон, бо  мақсади   ташаккули   мафкураи  сиёсии  онҳо  вохурӣ   дар  мавзуи  «Паём» таҳкимбахши сиёсати давлатии ҷавонон баргузор  гардид.

 Мудирони шӯъбаҳои ҷавонон, умуми ва назоратӣ КИ ҲХДТ бо хонандагони синфҳои 10-11 вохӯрӣ гузаронида шуд. Оид ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза ба муқобили экстремизм, ҳолати таъмини озодии виҷдони шаҳрвандон, ва ҷалб намудани ҷавонон ба ТҶҶ «Созандагони Ватан» баромад  намуда  қайд намуд, ки Пешвои миллат дар ҳама мулоқоту суханрониҳояшон, бахусус зимни ирояи паёмҳои ҳамасолаашон дар баробари дигар масъалагузориҳо ба масоили ҷавонон тавваҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат дар ҳар як Паёмашон ба ҷавонон ру оварда  пайваста моро барои ҳивзи Ватан истиқлолияти давлатӣ ватандўстиву ватанпарасти, худшиносиву худогоҳи, бархурдор будан аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, донишандузӣ, донистани техникаву технологияи навтари, интихоби касбу ҳунарҳои муосир даъват ва ҳидоят менамояд. Баробари ин ҷавононро аз зуҳуроти номатлубу зишти ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ҷавонони саодатманду сарбаланди кишварро нерӯи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи давлату миллат медонад ва баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мунтазам ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад.