Дар шароити равандҳои глобализатсионӣ дӯстиву бародарӣ, равобити байни ҷавонони давлатҳои соҳибистиқлол аҳамияти басо муҳим дорад. Дӯстиву ягонагӣ, ҳамкориҳои судманди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни ҷавонон  - «Созандагони Ватан» имрӯз ногузир аст. Зеро маҳз дӯстиву рафоқат, ваҳдат, ҳамкориҳои судманди тарафайн Ватанро обод, фазоро ором ва зиндагиро баҳрамон шоиста мегардонад. Маҳз дӯстӣ аст, ки сарҳадҳоро байни мо мешиканад, моро ба худи мо ва ба дигарон мешиносонад, муаррифгари тамаддуну фарҳанг мегардад.

Имрӯз муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои муштарак –ул - манофеъ торафт бештар хосияти воқеӣ ва амалӣ касб мекунад. Гумон мекунам, ки маҳз бо назардошти ин нукта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози дарёфти истиқлол эълом дошта буданд, ки «…дарҳои Тоҷикистон барои ҳамаи кишварҳо… боз аст».

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 130 кишвари дунё муносибати дипломатӣ дорад ва ин шумора бо гузашти  айём афзоиш хоҳад ёфт.

Асри XXI  ҳамчун асри иттилооту комуникатсия муаррифӣ шудааст. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки аз ин ҷараёни пурталотум бе ягон шикасту рехт баромада тавонем, дар соҳили ин маҷро ҳамвора дар ҳаракат, ҷустуҷӯ бошем. Ва барои он ки ҳаракату такопӯҳо баҳри худшиносии миллӣ, дарки равандҳои глобалии ҷаҳон, муаррифии Тоҷикистони азиз дар миқёси байналхалқӣ ҳадафманд, созандаву бунёдкорона бошад, бояд робитаҳои дӯстии кишварҳоро тақвият бахшем.

Бо ташаббус ва ибтикороти созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитиҳои дӯстии мамлакатҳои муштарак – ул – манофеъ рӯз аз рӯз афзун мегардад.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити осоиштаи ҳизбу ҳаракатҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ғояҳои созанда ва бунёдкоронаи ҳизбамонро, ки аз ваҳдати кулл ибтидо мегирад, ба оммаҳои васеи мардуми ҷаҳон фаҳмонанд.

Як ҷузъи асосӣ ва самти фаъолияти  густурда ва доманадор дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин фаъолияти ҷавонон, яъне Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба ҳисоб меравад, ки имрӯз зиёда аз 8547 нафарро муттаҳид сохта, дар эъмори ҷомеаи адолатпарвар, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ саҳми босазо мегузорад.

Маҳз назари солим, сухани воло хоси ТҶҶ «Созандагони Ватан» маҳсуб меёбад.

Санаҳои 29.06 то 9.07.2018 сол бо ибтикороти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, хосатан, шӯъбаи кор бо ҷавонон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» мо – як гурӯҳ ҷавонони босаодат тавонистем дар Форуми байналмилалии ҷавонон «Байкал - 2018» ва Фестивали XIII байналхалқӣ – миллии бурятҳо «Алтаргана - 2018», ки дар вилояти Иркутски Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзидем.

Моро дар ин Форуми байналмилалӣ мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидов роҳбаладӣ намуданд. Инчунин, Заррина Файзуллозода – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Насимҷон Расулзода – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ, Наврӯз Ҳусейнзода – мудири шӯъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва банда – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд саодати иштирок дар форуми мазкур доштем, ки басо хотирмон сипарӣ шуд.

Форуми байналмилалии ҷавонон «Байкал - 2018», ки дар 10 шӯъба фаъолият мекард, ба ҳайси иштирокчӣ ширкат варзидам. Маҳз Форуми байналмилалии ҷавонон «Байкал - 2018» тавонист, зиёда аз 550 нафар ҷавононро ба ҳам муттаҳид сохта, аз дӯстӣ, рафоқат, худшиносӣ, созандагиву бунёдкорӣ, ки калиди хушбахтиҳост, ҳадс бизанад.

Баромадҳои илмии  ҷавононро дар мавзӯъҳои мухталиф шунида, фикру андешаҳоямонро оид ба сиёсати ҷаҳони имрӯз, рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва рисолати хешро дар ҳалли масоили ҷаҳонишавӣ иброз намудем.

Мавриди қайд аст, ки банда бо намояндагони Ҷумҳуриҳои Арманистон, Чечинистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина, Полша, Удмурдистон,  Кореяи Ҷанубӣ дар шӯъбаи 7-ум таҳти унвони «Муколамаи фарҳангҳо» ширкат варзида, ҳамчун иштирокчӣ Тоҷикистони азизро ба онҳо муаррифӣ намудам.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Форум ба мо, пеш аз ҳама, бо ҳамдигар муколама карданро омӯзонд, аз рӯзгору фаъолияти якдигар бохабар шудем, байни якдигар афкори андеша намудем, ба рӯйдодҳои фарҳангии ҷаҳон баҳои воқеӣ дода, таҷдиди назар намудем ва дар маҷмӯъ, ба хулоса омадем, ки фарҳанг ҳастии ҳар миллат буда, тамаддунофар аст.

Маҳз миллате, ки фарҳанги ғанӣ дорад, метавонад худро ба дигарҳо муаррифӣ созад, тамаддун офарад. Бад-ин васила, ҷаҳониён аз ӯ омӯзанд, дар фаъолияти хеш аз он истифода баранд.

Лозим ба ёдоварист, ки шӯъбаҳои «Илм ва технологияи муосир», «Ватанпарвар», «Медиа - ВАО», «Сиёсат», «Маърифати экологӣ», «Ихтиёрӣ», «Байкали рақамӣ» низ бо барномаҳои мушаххас баромад намуда, дархосту пешниҳодҳои ҷолибу рангин ва мубрамро роҳандозӣ намуданд.

Зимнан, дар ҷараёни корӣ Илҳомҷон Ҳамидов – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзӯи «Соли ҷавонон дар Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба ташаббусу ибтикороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нақшу мақоми шоистаи ҷавонон дар бунёди давлати соҳибистиқлол ҳамчун пайравони содиқи Пешвои миллат, саҳми онҳо дар масоили хештаншиносӣ, ватанпарварӣ, ташаккули илму маориф, энергетика, комуникатсия, тиб, хоҷагии кишоварзӣ, саноат ибрози ақида намуд.

«Бузуртарин дастоварди Тоҷикистон – ин ваҳдати кулл ва истиқлолият маҳсуб меёбад. Ҷавонон ин ду арзиши муқаддасро бо мушкилиҳо, талошу муборизаҳои беамони шаборӯзӣ ба даст оварданд. Аз ин рӯ, сулҳу истиқлолиятро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.

Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ояндасозони миллат – ҷавонон такя намуда, бовар бар он доранд, ки маҳз «Созандагони Ватан» машъалафрӯзонанд, ки роҳи фардоро мунаввар хоҳанд кард. Самти асосии фаъолияти онҳо оммаи васеи мардумро ба хештаншиносӣ, сулҳу субот ва меҳнати бунёдкорона барои фардои ободу осуда даъват намудан аст!» - мегӯяд дар баромади хеш мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидов.

Дарки маъниҳои дар боло зикршуда, мо – иштирокчиёни Форумро боз ба ҳам дӯсту бародар гардонида , ба хулосае овард, ки рушди минбаъдаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, таъмини амну амнияти кишвари азизи мо аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи робитаҳои он бо ИДММ ва ҳамсоя вобастагӣ дорад.

Таъкид ба ёдоварист, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба хамкорихои хизбӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва қавитар гардидани робитаҳои байналмилалӣ, дар намояндагии минтақавии Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» дар вилояти Иркутск мулоқоти намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб — Мясников Дмитрий Александрович — муовини раиси кумитаи иҷроияи «Единая Россия» дар вилояти Иркутск, Артем Синдежапов роҳбари қаноти ҷавонони «Единая Россия» — «Молодая Гвардия» дар вилояти Иркутск, Константин Бушуев роҳбари қаноти ҷавонони «Единая Россия» — «Молодая Гвардия» дар шаҳри Иркутск ва Алексей Гордин раиси комиссия оид ба муносибатҳои миллӣ ва озодии виҷдони Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутск, роҳбари намояндагии минтақавии Ассамблеяи халқхои Россия дар вилояти Иркутск баргузор гардид. Ҳайати ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгохи КИМ ҲХДТ, муовини якуми раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Илҳомчон Ҳамидов роҳбарӣ ва муаррифӣ намуд. Ҳамчунин, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавсхон Саидов низ дар мулоқот иштирок доштанд.

 Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз баргузории Форуми байналмилалии ҷавонон «Байкал - 2018» натиҷагирӣ намуда, дар мавзӯи афзалиятхои кор бо ҷавонон, ба роҳ мондани таҷрибаи мунтазами табодули ҳизбиён, татбиқи босамари қарордоди ҳамкории намояндагии минтақавии «Единая Россия» дар вилояти Иркутск ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, чалби бештари сайёҳони Иркутск ба Тоҷикистон дар доираи эълони «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ташкили курсҳои машваратӣ-омузишии ҳизбиёни ҷавон дар қаламрави кишварҳо ва дигар масоили муҳими дохилиҳизбӣ сӯҳбати самимӣ анҷом доданд. Дар охир, аз номи ҳайат ба роҳбарияти минтақавии «Единая Россия» дар вилояти Иркутск армуғони миллӣ тақдим гардид. Хотиррасон бояд кард, ки шартномаи ҳамкорӣ миёни ҲХДТ ва «Единая Россия» моҳи январи соли 2017 имзо шудааст.

Бори дигар, мо ҷавонони саодатманди диёри биҳиштосо – Тоҷикистон баъд аз вохӯрӣ, мулоқот ва иштирок дар Форуми байналмилалии ҷавонон «Байкал - 2018» ба худ собит сохтем, ки калиди тамоми муваффақиятҳо ин ваҳдат, ягонагӣ, бародариву бародарист.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки маҳз дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба вилояти Иркутски Федератсияи Русия сафар намуда, аз наздик аз таъриху фарҳанги тамаддунофари он шинос шудем.

Таассуроти ҷолибу рангин то ба имрӯз моро тарк намекунад.