Санаи 11 январ соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии «ОКТ №56» ва «Агроинвестбонк» Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Фирдавс Саидов ширкат варзида, оиди нуктаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуд.

Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб оид ба самтҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш - таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим, татбиқи лоиҳаҳои сарнавиштсоз мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон дар Паём дурнамо барои солҳои оянда, қабул ва эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки моро ба фаъолнокӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд, махсусан қайд гардид.