Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 12-уми сентябр қабулгоҳи ҷамъиятӣ баргузор гардид. Дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумиҷроияи шаҳрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Дилрабо Мансурова, Гулбаҳор Турсунова ва Абдуҳалим Ғаффоров ширкат варзиданд. Дар қабулгоҳи ҷамъиятӣ 27 нафар муроҷиаткунандагон иштирок намуда, ба вакилон саволҳо ва дархосту пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Аз ҷониби вакилони халқ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба ҳамаи саволҳо ва дархостҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ҳалли баъзе масъалаҳои баррасишуда ба назар гирифта шуд.