Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон - қувваи пешбарандаи ҷомеаро ҳамеша дастгириву пуштибонӣ намуда, нисбати мо – ҷавонон ғамхориҳо зиёд мекунанд, то ки дар оянда ба сари давлат шахсони дар ҳақиқат фидои миллат рохбари намуда, сулҳу салоҳро дар Ватан нигоҳ доранд ва барои пешрафту тараққиёти кишвар пайваста талош варзанд. Аз ин лиҳоз барои омода намудани кадрҳои захиравӣ дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мактаби захираи кадрҳо амал карда истодааст, ки дар он намояндаи ҷавонон аз муассисаҳаву ташкилотҳои гуногун таҳсил доранд. Ба шунавандагони курси мактаби мазкур устодони донишманду донандаи касби хеш дарс медиҳанд.
Ин навбат рӯзноманигори варзида, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб дар мавзӯи “Ҳифзи иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир” ва Ҳусейн Зайтметов равоншиноси шинохта, дотсент, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Хусусиятҳои ташкилотчигӣ ва ташаккули қобилиятҳои роҳбарӣ” ба шунавандагон дарс гуфтанд.
Дарс дар фазои озод, пурмуҳтаво ва диққатҷалбкунанда гузашт, зеро устодон дарсро бо шунидани андешаҳои аудитория бобати мавзӯъҳои мазкур оғоз намуда, бо саволу ҷавоб, муҳокима ва баҳсу мунозираҳо хеле хубу хотирмон гузаштанд. Аз тарафи шунавандагон дар фарҷоми дарс ба устодон арзи миннатдорӣ баён карда шуд ва пешниҳод гардид, ки онҳо бори дигар ин устодон дарс диҳанд.