Дар доираи таҷлили соли 2015 ҳамчун Соли оила ва аз ҷониби Раиси вилоят эълон гардидани соли рушди фарҳанг силсиламулоқотҳои раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр доир гардида истодааст. Чунин мулоқоти озоду шаффоф субҳи имрӯз дар беморхонаи бачагонаи вилоятӣ бо ширкати аъзо ва пайравони ҲХДТ доир гардид. Чорабиниро сардори беморхона Фарҳод Муллоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилонаи сардори давлат сол то сол сатҳи хизматрасонии тиббӣ боло рафта, бо ворид шудани таҷҳизоҳотҳои муосир ҷараёни муайянкунии бемориҳо беҳтар мегардад. Бо иқдоми бевоситаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода яке аз бинои кӯҳнаву фарсудаи беморхона аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ҳоло ҳам кормандон ва ҳам мизоҷон дар утоқҳои барҳавои ин ҷо фаъолияту табобат мегиранд. Аз ин щамхориҳои пайваста ҷомеаи меҳнатии беморхона руҳу илҳоми тоза гирифта, бо дасту дили пок паи иҷрои вазифа ҳастанд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов дар мавзӯи мубрами рӯз зиракии сиёсӣ ва дастгирӣ аз иқдомҳои давлату ҳукумат ва ҲХДТ сухан ронда аз ҷумла афзуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳнамои миллат якчанд қонунҳои нав ба тавсиб расиданд, ки ин тадбир барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ, тарбияи насли худогоҳу хештаншинос мусоидат намуд. Мавсуф ҳамзамон дар баромадаш таъкид намуд, ки заифии ҷомеаи мо дар он зуҳур меёбад, ки то ҳол мо пойбанди хурофоту таассубем. Маҳз ҳамин нодонӣ моро ба вартаи нодорӣ бурда истодаанд. -Мо бояд фарҳанги сариштаву сариштакориро омӯхта бар дигарон таассуб накунем. Ба ҷавонон фаҳмонем, ки шодиву фараҳи якрӯза боиси ба қарз щӯтидани волидон мегардад. Баръакс ҳар он чи ки ба даст меорем, барои харидории ҷиҳози зарурии хонаи навхонадорон сарф намоем. То онҳо дар зиндагии навроҳи худ ба мушкилӣ дучор нагардад- гуфт зимни мулоқот Наим Маликисломов. Ба андешаи номбурда ҳизбиён тӯдакаши мардум бояд бошанд. Онҳо бо мисолҳои возеҳ фаҳмонанд, ки имрӯз хушбахтии оила дар молу бисот нест, балки якдигарфаҳмӣ, доштани дониши фарҳанги оиладорӣ моро ба кӯи нусратҳо мебарад.

Дигар нуктае, ки дар мулоқот ёдрас шуд, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои щайриқонунӣ мебошад. Ба гуфти Наим Маликисломов холигии фазои сиёсӣ боис мегардад, ки иддае аз паи маблащҳои ҳангуфти хоҷагони бегона ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд. Гӯиё ин амали онҳо наздик шудан ба Худову расул асту ҷои онҳо дар он дунё биҳишт аст. Мо чи гуна ба биҳишт меравем, вақте волидони худ фарзанду пайвандони худро танҳо гузошта, онҳоро ба вартаи навмедӣ гузошта ба «инқилоб» меравем. Магар таъбири «падар розӣ- худо розӣ»-ро фаромӯш кардаем. Масуф аз аҳли ҳозирин даъват ба амал овард, ки сидқдилона Ватанамонро дӯст дорем, бо самимият ҳизбе, ки танҳо барои тинҷиву оромӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад муносибат кунем. Дигаронро низ талқин намоем, ки нишонаи муҳаббат ба ин обу хоки меҳан дар пайвастан ба ин ҳизб маҳсуб мешавад. Аз масъулон даъват ба амал овард, ки маҷлисҳои ҳизбиро саривақт доир намуда, аъзоёнро пайваста аз рӯйдодҳои сиёсӣ огоҳ намоянд. Дар фуроварди мулоқот ба 10 нафар пизишкони фаъол дар вазъияти тантавӣ билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.