Амалӣ сохтани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил гардидан ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки имрўҳо дар кишварамон мавриди тадбиқ қарор доранд, яке аз бахшҳои таркибии сиёсати иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки некуаҳолии инсонро дар сархати сиёсати хеш қарор додаст, мебошад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат бахшида ба таҷлили иди саиди Рамазон ва 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хуҷандобуканал» зиёда аз 14 нафар собиқадорони меҳнат ва собиқадорони ҲХДТ аёдат карда шуданд.

Дар ин аёдат мудири шўъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат карда, аёдатшудагонро аз номи роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати фарорасии ҷашнҳои бузург табрику муборакбод намуд.

Дар навбати худ собиқадорон шукронаи сулҳу суботро карда, аз ин ғамхориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.