Санаи 12-уми апрел дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботи семоҳаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ректори ДДҲБСТ Шарифзода Мумин Машокир ва аъзоёни ҲХДТ ширкат варзиданд.

           Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон» Ҷамшед Тӯраев оид ба фаъолият дар давоми семоҳаи аввали соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда» ҳисобот дод.

          Пас аз шунидани ҳисобот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад намуда, фаъолияти кори Кумитаи иҷроияи ибтидоиро қаноатбахш ҳисобид ва якчанд пешниҳодҳо оиди фаъолияти минбаъда пешкаш намуд.

Сипас, аз ҷониби аъзоёни ҳизб бинобар бо сабаби ба кори дигар гузаштани раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» дар назди маҳаллаи Суғдиён Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба ҷои ӯ Шарифзода Мумин Машокир раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» дар назди маҳаллаи Суғдиён интихоб карда шуд.

         Дар охир ба якчанд нафар шахсоне, ки қаблан барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.