Пешвои  тоҷикони ҷаҳон  Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI-ум  дар қасри Арбоб  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон  бо боварии том ваъда додаанд, ки :«Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Эмомалӣ Раҳмон бо мушоҳида аз тақдири халқу миллат аз ибтидо то интиҳо таърихи халқро омӯхтанд, китобҳо навистаанд. Пешвои халқпарвар ҳамеша бо халқ буда, доимо дастгиру ёрирасони ятимону бепарасторон мебошанд.

Халқи тоҷик аз фаъолияти шабонарӯзии фидокоронаи Пешвои миллат илҳом гирифта, баҳри ободу зебо гаштани Ватан корҳои зиёдеро бо сарварии ин марди ободкору созанда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Имрӯз мардуми тоҷик аз Пешвои худ ифтихор дорад, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи ин шахсияти барӯманд ҷанги шаҳрвандӣ басанда карда шуда, мамлакати ҷангзада рӯ ба инкишоф ниҳод.

Бунёди корхонаҳои зиёди саноатӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи онҳо садҳо ададро ташкил медиҳад нишони осоиштагии аҳолии мамлакатро шаҳодат медиҳад.

Бунёди  корхонаҳои мошинсозӣ,  аз қабили истеҳсоли автобусҳои Акия, истеҳсоли мошинаҳои хоҷагии қишлоқ, тракторҳои тамғаи Белорус 80X,  82.1, Белорус  521 дар таърихи халқи тоҷик бесобиқа аст, ки ҳамаи он самараи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат мебошад.

Александр Лукашенко Президенти Ҷумҳурии Белорусия чунин гуфтааст: «Меҳнати фидокоронаи чандинсолаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани некуаҳволии халқи тоҷик, ба пойдории нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ равона гардидааст, сазовори эҳтироми ниҳоят баланд мебошад».

Дар як муддати кӯтоҳи вақт аз ҷанги бародаркуш осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, Истиқлол ва хушбахтии комил ба даст оварданд. Имрӯз ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд.

 

Хӯҷаназарова М.И-аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  дар назди КИИ “Сомон”