Имрӯзҳо Баҳори зебо бо ҳунари устодона ва накҳати беандоза Наврӯзи фархундаро дар домани хеш сабзу гулпӯш ба мардуми Аҷам пешкаш намуда, бо ҳузури ҳумоюнӣ ба кишвари азиз – Тоҷикистон қадам мениҳад. Бо ҷозибаи сеҳрангезаш ҳамаро мафтун намуда, таровату назокат, нафосату дилрабоӣ эҳдо менамояд.

Замони истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, хосатан Наврӯзи Аҷам хеле бузургу нодир арзёбӣ мегардад. Зеро Наврӯз ҷашнвораест, ки ахлоқи ҳамида, зебоипарастӣ, покизагӣ ва беҳдоштро таблиғ мекунад, рӯ ба рӯшноист ва мазҳари нур аст дар муқобили торикиҳо ва зулмот.

Бо ташаббус ва ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  дар ташкилоти ибтидоии «Раҳбар Қосимов» нуктаҳои дар боло зикршуда, дар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ!» таҷассуми хешро дарёфт, дилнишину гуворо, хотирмону судманд гузаронида шуд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки роҳандозии Фестивали гулдухтарони атласпӯш ба чорабинӣ ҳусни идона, ҷилои тоза зам намуд ва беҳтаринҳо ба гирифтани Ҷоиза ва Шоҳҷоиза сазовор гаштанд, ки ҳар кадоме аз ин нафарон Султонова Марям, Ҳайдарова Ясмина, Ҳомидова Марям, Юнусова Ситора, Исмоилова Дилором бо шоистагӣ Баҳору Наврӯзро муаррифгар буданд.

Ҳамзамон, дар ин рӯзи дилафрӯз фаъолзанони ташкилоти ибтидоӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.