Соли равон ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 72 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи ин абармардони майдони ҷанг дар манотиқи гуногуни кишварамон, аз ҷумла, шаҳри Хуҷанд низ тӯли ҳафтаи аввали моҳи май барномаҳои мухталиф ва аёдати ин мардони далер доир мегардад.

Соли равон бо ибтикори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, аз ҷониби шуъбаҳои мухталифи мақомоти шаҳрӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳо оид ба ташкили вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҷанг ва ҳамзамон аёдати онҳо, маъюбони барҷомонда, ҳамсарони бесаробонмонда, ҳамчунин дар ҳудуди шаҳр гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир» ва ташкили «Қаровули фахрӣ» дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи маркази шаҳр аз ҳисоби хонандагони беҳтарини мактабҳои шаҳр пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар доираи ҳафтаи мазкур чанд тан маъюбон аёдат карда шуда, ба онҳо кумакпулӣ ва маводи хӯрокӣ супорида мешаванд.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 11 нафар иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945 ва 5 нафар ҳамсарони бесаробонмонда иқомат доранд, ки ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву шаҳрӣ бархӯрдоранд.