Дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  конфересияи илмии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва сиёсати забон» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён  баргузор гардид. 

Конфересияро декани  факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Мӯсо Олимҷонов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҳозиринро бо Рӯзи забони давлаӣ табрик намуд. 

Муовини  ректор оид ба корҳои таълим Абдуфаттоҳ Раҳимов баромад карда қайд намуд, ки  шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола рӯзи 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад, ин санаи таърихӣ ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид ва ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳар якеи Шуморо самимона таҳният гуфта, бароятон рӯзгори обод, хонаи пур аз муҳаббати тоҷикона, саодатмандӣ ва комгориро орзумандам.

Аслан забони мо дар таърихи давраи аввали ташаккулу густариши хеш аз унсурҳои забонҳои портӣ, суғдӣ ва бохтарӣ бештар баҳра бардоштааст, ки инро дар осори аҳди Сомониён ва гӯишҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар ин манотиқ ба хубӣ метавон мушоҳида кард.

Омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад, пеш аз ҳама аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон дар тарбияи наслҳо тақозо дорад.

Абдуфаттоҳ Раҳимов гуфт, ки дар тарбияи забономӯзии ҷавонон, ки синни хеле хуби рушди малакаҳои зеҳнист, бояд устодони донишгоҳ низ масъулияти бештар дошта бошанд. Зеро забони тоҷикӣ дар тӯли чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯйёрӯӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи асили худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад.

Сипас, профессор, номзади илмҳои филологӣ, А.Абдуқодиров оид ба мавзӯъи «Пешвои миллат ва сиёсати забон  дар Тоҷикистон», доктори илмҳои филологӣ, профессор, А.Ҳасанов  дар мавзӯъи «Андешаҳо оид ба номгузории шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ » маърӯза намуданд.

Дар охири коференсия байни иштирокдорони нишаст табодули афкор сурат гирифт