Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25 –солагии Рӯзи «Ваҳдати миллӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Шӯрои шаҳрӣ ва вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрӣ бо афсарону сарбозони комендатураи ҳарбии горнизони Суғд баргузор гардид.

 Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, намояндагони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ширкат варзида, ҳамагонро ба муносибати фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуданд.

Ҳамчунин, ҳайати гурӯҳи корӣ ба афсарону аскарони қисми низомӣ нону шириниҳо ва меваю сабзавот тақдим намуданд.

Дар охир ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар байни афсарону сарбозони қисми низомӣ баргузор гардида буд, тӯҳфаҳо супорида шуданд.