Дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар маҳаллаи “Чорчароғ”-и шаҳр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир карда шуд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ мовини раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муҳаббат Ӯрунбоева зикр намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни миллии тоҷикона дар сарҷамъию иттиҳоди мардум нақши бориз дошта, дар худ беҳтарин суннатҳоро тӯли беш аз 6 ҳазор сол маҳфуз доштааст. Пухтани суманак, оростани дастурхони идона, шодию сурури бачагон ҷавҳари ин ҷашн буда, инсонҳоро ба мавсими киштукори баҳорӣ даъват мекунад.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 20 нафар фаъолони маҳалла тӯҳфаҳои идонаи қумуҷроияи шаҳрии ҳизб тақдим карда шуд.

 Сокинони маҳалла бо  руҳияи идона аз қудуми файзрези Асосгузори сулҳу ваҳдати мсиллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, баён доштанд, ки бо меҳнати ободкоронаю созандаи худ ба эътимоду боварии Сарвари муаззами кишвар ноил гардида, бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегиранд.     

 

Маркази иттилоот ва таҳлили
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд