Дар арафаи таҷлили ҷашни 73-умин солгарди Иди Ғалаба дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои ҷашнӣ, аёдати иштирокичёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дастгирии ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатии шаҳрии №1» иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кўчаи М.Танбӯрӣ хонаи 28, ҳуҷраи 43 Курушин Григорий Николаевич аёдат карда шуда, ба ӯ маводҳои хӯрока дастрас гардиданд.

Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» -и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ва ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатии шаҳрии №1»  Зебӣ Охунова табрикоти роҳбарияти ҳизбро ба иштирокчии ҶБВ расонида, барои хизматҳои шоёнаш дар ғалабаи ҷанги хонумонсўз изҳори қаноатмандӣ намуданд.