Ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муазазми ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд, ки дар он намояндагони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Ярмаркаи мазкур санаи 13 майи соли 2022 дар назди китобхонаи оммавии вилоятӣ ба номи Тошхӯҷа Асирӣ доир шуда, дар он 560 адад ҷойҳои кории холӣ аз тарафи 36 корфармоён пешниҳод карда шуд. Дар якмарка ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва корхонаю муассисаҳои гуногун аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёту алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохмон, саноат, бонкҳо ва ғайра пешкаши корҷӯён гардид.

Зимни баргузории ярмарка 250 нафар шаҳрвандон интирок намуда, ба 17 нафар шаҳрвандон барои таъмин шудан ба кор роҳхот дода шуд. Ҳамчунин, 8 нафар сокинони бекасбу беихтисос барои гирифтани касб ба Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд сафарбар гардиданд.

Чунин ярмаркаҳо минбаъд низ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил мегардад.