Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-ноябр «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардидааст. Тибқи иҷроиши барқияи №18 аз 08.11.2016 кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳоро баргузор намуда истодааст. Аз ҷумла санаи 14 ноябри соли 2016 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров» дар хобгоҳи №3 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷӯдухтарони тавассути Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид. Донишҷӯдухтарони хобгоҳи №1 дастаи «Шоҳбону» ва донишҷӯдухтарони хобгоҳи №3 дастаи «Ситора» аз  рӯи се намуд-дастхобонӣ, шоҳмот, шашка қувваозмоӣ намуданд, ки натиҷа чунин гардид:

Дар мусобиқаи Дастхобонӣ ҷои аввал насиби Қурбонова Дурдона донишҷӯи курси 2 факултаи педагогика, ҷои дуюм насиби Нурматова Шамсия донишҷӯи курси 3 факултаи химия-биология ва ҷои сеюм насиби Солиева Шамсия донишҷӯи курси 2 факултаи забонҳои хориҷӣ гардид.

Дар мусобиқаи Шоҳмот Музаффарзода Ганҷина донишҷӯи курси 1 факултаи филологияи тоҷик-ҷои аввал, Шамсиддинова Ойгул донишҷӯи курси 1 факултаи педагогика-ҷои дуюм ва Ҳомидова Лобар донишҷӯи курси 1 факултаи забонҳои хориҷӣ –ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи Шашка Содиқова Фарзона донишҷӯи курси 3 факултаи таъриху ҳуқуқ- ҷои аввал, Музаффарзода Ганҷина донишҷӯи курси 1 факултаи филологияи тоҷик-ҷои дуюм ва Нурматова Шамсия донишҷӯи курси 3 факултаи химия-биология ҷои сеюмро соҳиб гаштанд. Дар мусобиқаи даставӣ дастаи «Шаҳбону»-ҷои аввал ва дастаи «Ситора» ҷои дуюмро сазовор гаштанд.

Мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.