Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ҶСП ТАКХ “Имон Интернешнал” бахшида ба пешвози ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 - солагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол доир намуд, ки дар он 9 даста иштирок карданд. Дар мусобиқа дастаи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардид. Дастаи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз шуданд. Мусобиқаи мазкур аз 12 то 14 апрели соли 2021 дар толори варзишии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон гузаронида шуда, санаи 14 апрел бо иштироки раиси кумиҷроияи шаҳрӣ ва фаъолону ҷонибдорони ҳизб дар ҳамин толор ҷамъбаст гирдид. Мусобиқаи варзишӣ бо мақсади тағрибу ташвиқи бозии варзишии баскетбол, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дусти байни бонувон баргузор шуд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10155
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9988
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8116
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7910
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7279
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1143
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1177
-
ҲИФЗИ ВАТАН- МАКТАБИ ШУҶОАТ ВА МАРДОНАГИСТ!2023-05-03 174
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ2016-12-29 1478
-
Машқи пагоҳӣ тарғибгари тарзи ҳаёти солим2016-10-24 1572
-
«Президенти ман ифтихори ман!»2016-11-17 1810
-
Гусели ҷавонони бонангу номуси Ватан барои ҳимояи Меҳан2017-10-09 1394
Меҳмонон