Дар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, муовини раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Анвар Ҷалилов ва фаъолони ҳизбии вилояту шаҳр ҷаласа доир гардид.

Анвар Ҷалилов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки дар паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат фаъолияти соҳаҳои гуногун мӯшикофона таҳлил гардида, барои боз ҳам ривоҷ ёфтани бахшҳои мухталиф дастурҳои қатъӣ дода шуд. Яке аз  ҷанбаҳое, ки дар паём матраҳ  гардид, ин аз мамлакати аграрӣ ба кишвари агросаноатӣ гузаштан дар солҳои наздик мебошад, ки чунин тадбир пояи иқтисодии мамлакатамонро пурқувват менамояд.

Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода зимни баромади хеш аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати маънавибунёди асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан ҷонибдорӣ менамояд. Аз ҷониби Созмони милали муттаҳид дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Сарвари давлат «Об барои рушди устувор» мақоми кишвари моро ҳамчун ташаббускори  ин неъмати бебаҳои табиат ба маротиб боло рафт. Дар идомаи гузориш мавсуф аз соли 2017 эълон шудани соли ҷавонон истиқбол намуда, қайд кард, ки бо дастгирии давлат ва ҳукумат он муаммоҳое, ки имрӯз пешорӯи ҷавонон қарор дорад, пурра ҳалли худро меёбад. Ба андешаи Раънохон Маҳмудзода бояд имрӯз мо барои  ҷавонон шароит ва муҳитеро бунёд намоем, ки онҳо тавонанд хостаҳои худро бароварда бошанд. Хоссатан, таваҷҷӯҳ ба ҷавонони навовару закитабъ бештар бояд бошад. Зеро фардои ин миллати созанда маҳз дар дасти онҳост. Номбурда дар идомаи суханронии хеш аз қадру манзалати бонуи тоҷик ҳарф зада, афзуд, ки занон пешбарандаи воқеии сиёсати кунунии давлат маҳсуб ёфта, бояд ҳарчи бештар ин нерӯ ва қувва барои беҳдошти солимии ҷомеа равона гардад.

Дар идомаи ҷаласа чанде аз иштирокдорон нуктаи назари хешро доир ба паёми имсолаи Сарвари давлат иброз доштанд.