Тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо доир ба ичрои дасутуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар шаҳри Хуҷанд тибқи ҷадвали махсуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд машқҳои пагоҳирӯзӣ бо ҷалби наврасону ҷавонон гузаронида мешавад.

Санаи 22 октябри соли 2016 аз ҷониби масъулини мактаби варзишии № 3 - шаҳр дар назди Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ машқи пагоҳӣ гузаронида шуд.
Бештар аз 100 нафар ихтиёриёни тарзи ҳаёти солим бо роҳбарии мураббиёни мактаби номбурда машқи обутоби баданро анҷом доданд. Назар ба андешаи масъулин максад аз баргузории чорабинии варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, пешгирии шомилшавии чавонон ба ҳаргуна равияю гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мебошад.