Субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд 1800 нафар ҷавонони фидоии Ватан бо амри дил ба хизмати Модар Ватан рафтанд. Ин гуруҳи ҷавонони бонангу номус нахуст дар маросими гулгузорӣ ба пояи Шоҳ Исмоили Сомонӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, дар майдони Парчаму Нишони давлатӣ саф кашиданд. Ҷавондухтарон ба наваскарон чун рамзи меҳру муҳаббат ва садоқат гулсупорӣ намуданд. Тантанаҳои фарҳангии гусели наваскарон дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва волидайни сарбозон сурат гирифт.
           Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин маърака аз шаҳри Хуҷанд 70 нафар ҷавонон ба хизмати Артиши миллӣ сафарбар карда шуданд.