Муҳоҷирати меҳнатии қувваҳои корӣ дар арсаи байналмилал як ҳодисаи маъмул аст. Дар кишварҳои гуногуни олам он ба мушоҳида мерасад ва дар ҳар ҷо қувваи корӣ баҳри пайдо намудани ҷои кори хубтаре, ки музди меҳнати бештаре дода тавонад, кӯшиш мекунанд. Кишвари мо низ аз ин истисно нест. Ҳоло бо тақозои зиндагӣ шумораи муайяни сокинони кишвар дар хориҷи кишвар, хосса дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ доранд. Мусаллам аст, ки ин қишри ҷомеа бояд аз рӯйдодҳои сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварамон огоҳии комил дошта бошанд. Побанди ҳар гуна овазаҳои бардуруғу бӯҳтонангез нагардад. Баръакс, бо дониши қавии сиёсӣ бар зидди ҳамагуна иғвоҳо муборизаи беамон баранд. Як рукни сиёсати давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз таблиғи солим ва воқеиро миёни сокинон бурдан аст. Ба ин хотир тибқи як дастури Президенти мамлакат, Раиси ҲХДТ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 5 августи соли равон гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ ва кумитаи иҷроияҳои шаҳру навоҳии кишвар ба Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дода, бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқоти озоду шаффоф доир намуданд. Гурӯҳи кории моро, ки аз вилоятҳои Новосибрск, Красноярск ва Иркутск дидан намудем, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон сарварӣ доштанд. Ҳамзамон ба гурӯҳ Ҳомидов Абдурафиқ, мудири шӯъбаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Назаров Наҳтулло, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино шомил буданд. Таи даҳ рӯзе, ки мо дар ин вилоятҳои азими Русия будем, бо зиёда аз 60 ҳазор шаҳрвандони кишвар, ки дорои касбу кори гуногунанд, вохӯриҳо доир намуда, дар бораи сиёсати кунунии кишвар, истиқлолият, дастовардҳои миллӣ, сулҳи бебозгашти тоҷикон, қадамҳои қатъӣ дар самти танзиму расму оинҳо, фарҳанги оиладорӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ҷалби онҳо ба мактабҳои олии пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз байн бурдани ришваситонӣ дар мавриди қабули довталабон ба мактабҳои олӣ сухан карда, аз ҳозирин даъват ба амал овардем, ки барои ободии хонаву дари худ, кишвар ва миллати пурғановати худ саҳме бо меҳнати софдилона гузоранд. Мулоқоти нахустини мо дар шаҳри Новосибрск бо аъзо ва фаъолони ҷамъияти тоҷикони ин минтақа доир шуд. Моро марди меҳандӯст, донишманду закӣ роҳбари ин ҷамъият Абдуҷабборов Сияршо Зардакович раҳнамоӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки наздики 30 ҳазор сокинони кишвар аъзои ин ҷамъият буда, мекӯшанд бо меҳнати софдилонаву рафтори намунавӣ миёни дигар халқиятҳову миллатҳо номбардор шаванд. Чун мо аз наздик бо фаъолияти ин ҷамъият ошно гардидем, аёнамон шуд, ки муҳоҷирони меҳнатии муқими вилояти Новособирск новобаста аз он ки дур аз ёру диёранд, урфу одат, таомули аҷдодии худро фаромӯш намекунанд, баръакс ҷашнвораҳои миллии худро дар сатҳи лозима таҷлил мекунанд. Баргузории чорабиниҳои варзишӣ, озмунҳои гуногуни пухтупазу либосдӯзӣ худ баёнгари гуфтаҳои болоианд. Ноҳияи Октябри вилояти Новосибирск аз ҷумлаи калонтарин минтақа буда, дар он шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатии кишаварамон кору фаъолият доранд. Сарвари ҷавонони ҷамъияти тоҷикони «Дӯстӣ» Эмомалӣ Авезов моро бо шаҳрвандони тоҷике, ки дар маркази ин ноҳия ба фурӯши маҳсулотҳои кишоварзии кишварамон машғул буданд, ошно намуд. Тавре аён гардид, ин ҷо сокинони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Ҳисору Файзобод ва водии Рашт солҳои сол паҳлӯи ҳамдигар кор намуда, нафақат эҳтиёҷоти хонаводагии худро таъмин намудаанд, балки дигар ҳамватанонони худро бо ҷои кор таъмин намудаанд. Зимни сӯҳбат онҳо миннатдории хешро ба давлату ҳукумати кишварамон иброз доштанд. Ба гуфтаи онҳо беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Маҳз тинҷиву амонӣ дар Тоҷикистон сабаб шуд, ки онҳо осудаҳолона пайвандони худро дар Ватан монда инҷо хотирҷамъ ба кори худ машғуланд. Дар сӯҳбати озоду шаффоф муҳоҷирон хоҳиш карданд, ки дар мавриди гирифтани патент, низоми рафтуо ва осон намудани дигар ҳуҷҷатҳо муҳоҷирони меҳнатии мо ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Барои ҳалли ин мушкилот барояшон кӯмак намоем. Комбинати оҳану бетонии шаҳри Новосибрск аз ҷумлаи калонтарин коргоҳҳои ин минтақа маҳсуб шуда, ин ҷо наздик ба 200 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таҳти роҳбарии марди боғайрат Алиҷон Ғозиев фаъолият доранд. Тавре аз сӯҳбат бо ҳамдиёрон маълум гардид, тоҷикон дар қатори дигар миллатҳо ин ҷо соҳиби обрӯ ва манзалат буда, ба ҳисоби миёна аз 40 то 60 ҳазор рубл вобаста ба ҳаҷми иҷрои корашон дастмузд мегиранд. Онҳо бо се маҳал хӯроки гарм, хобгоҳ таъминанд. Ҳатто яке аз шаҳрвандони мо бо меҳнати софдилонааш дар доскаи фахрии ин коргоҳ қарор гирифтааст. Дар сӯҳбат бо раиси ҷамъияти маслиҳатдиҳии ҳуқуқии байниминтақавии вилояти Новосибриск Шарипов Исроил Қудратович асосан мушкилиҳое, ки пешорӯи муҳоҷирони меҳнатӣ қарор дошта матраҳ гардид. Тавре ҳамсӯҳбати мо иброз дошт, ин ташкилот асосан ҳуқуқу манофеи муҳоҷиронро ҳаллу фасл менамояд. Мушкилии умдаи ҳамватанони мо дар Федератсияи Русия ин ба хубӣ надонистани забони русӣ, надоштани ягон намуди ҳунар, огоҳ набудан аз компютеру интернет ва ниҳоят надонистани ҳуқуқ ва риоя накардани қонунҳои Русия мебошад. Маҳз нодониву гумроҳӣ иддае аз муҳоҷирони моро пушти панҷара ё ки ба таъбири халқӣ «депортатсия» мувоҷеҳ намудааст. Бо ин мақсад дар назди ин ҷамъият курсҳои бозомӯзии компютериву забономӯзӣ ташкил карда шуда, ҳуқуқшиносони ин ҷамъият ройгон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Дар вилояти Новосирск наздик ба 20 ташкилотҳои сохтмонӣ, фермерӣ ва марказҳои тиҷоратии мавҷуданд, ки дар он ҷо тоҷикон кору фаъолият ва сарвариашонро бар зимма доранд. Сокинони таҳҷоии ин маҳал он қадар ба мардуми тоҷик меҳру муҳаббат доранд, ки назираш нест. Худи русзабонҳо эътироф карданд, ки шаҳрвандони тоҷик меҳнатдӯст ва хушмуомила буда, аз ҳама муҳимаш масъулиятшиносиро дар мадди аввал гузоштаанд. Мисоли барҷастаи ин навиштаҳо он аст, ки дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии вилояти Новосибирск шаҳрванди Тоҷикистон Икромов Салимҷон ҳамчун номзад аз ҳизби «Русияи рост» ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Новосибирск ба қайд гирифта шуда, санаи 13 сентябр интихобот доир хоҳад шуд. Хабари дигари нишотовар он буд, ки шаҳрванди кишварамон Раҳимҷон Бобоҷонов солҳои сол мағозаи универсалии бекорхобидаи шаҳри Новосбирскро харидорӣ намуда, онро ба макони беҳтарини фурӯши анвои хӯрокаву пӯшока табдил додааст. Ва аксари кормандонро сокинони кишварамон ташкил медиҳад. Дар мулоқот бо тоҷирони кишварамон онҳо қайд карданд, ки роҳбарияти вилояти Новосибирск ба мо назари хайрхоҳона дошта, ҳатто омодаи ҳамкорӣ ва бастани аҳди бародаршаҳриро бо яке аз вилоятҳои мо доранд. Дар маҷмӯъ дар вилояти Новосибрск беш аз 18 вохӯриҳо доир гардид, ки дар он муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ва дигар ҳайати расмӣ аз дастовардҳои даврони истиқлол, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ сухан намуданд. Дар фарҷом аксарият таклиф пешниҳод карданд, ки дар ин вилояти калонтарини федератсияи Русия консулгарии сафоратхонаи кишварамон ташкил карда шавад ё ки намояндаи консулгарии вилояти Екетаринбург ҳафтае як маротиба дар рӯзи муайян дар ин шаҳр сокинони кишварамонро қабул намоянд. Латифзода Асрор Қурбон ваъда доданд, ки ин масъаларо то сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бароварда, дар ҳалли ин қазия кӯмак менамоянд. Кишвари Красноярск чун минтақаи сабзи ин мамлакати паҳновар ном баровардааст. Ҷангалзорҳои беканори он ба хоҷагии халқи Русия миллионҳо рубл даромад ворид мекунанд. Дар оғӯши ин кишвари сабз ҳазорҳо сокинони кишвари азизамон чун духтур, сохтмончӣ, омӯзгору фермер, савдогару ронанда шуда кор мекунанд. Рӯзе ки ҳайати гурӯҳи моро роҳбари ҷамъияти тоҷикони ин минтақа Бурҳонов Боқиҷон ба маркази тиҷорати шаҳри Красноярск оварданд, ҳатто бовар ҳам накардем, ки мо дар Русия ҳастем. Дар маркази тиҷорати ин шаҳри азим нонвойхона, ошхона, нуқтаҳои самбусафурӯшиву дигар анвои хӯрданӣ ҳамагӣ аз Тоҷикистон оварда мешавад. Ва ҳамаи савдогаронро сокинони шаҳрҳои Душанбеву Истаравшан, Рашту Ҳисор ташкил медиҳанд. Растаҳои ҳар гуна меваҳои тару тоза ва хушк моро ба ваҷд оварданд. Сокинони таҳҷоӣ бо як дилхушӣ аз анвои хӯрдании мо харидорӣ намуда, аз таъми лазизаш баҳра мебурданд. Қайд шуд, ки танҳо дар ин марказу дигар базаҳои хӯрока наздики 1000 нафар сокинони диёрамон мувафаққона меҳнат мекунанд. Дар сӯҳбат муҳоҷирон иброз доштанд, ки аз рӯёдодҳои сиёсиву иҷтимоии ҷумҳуриамон тавассути телевизион ва интернет пайваста огоҳанд. Ва сиёсати давлатамонро дар самти беҳбудибахшии вазъи иҷтимоӣ кулан дастгирӣ мекунанд. Махсусан иқдоми роҳбарияти кишварро дар самти ҷорӣ намудани Маркази миллии тестӣ хуш қабул намуданд. Ҳайати гурӯҳ пас аз мулоқот бо муҳоҷирон аз шаҳраки тоҷикони ба номи Шарипов дидан карданд. Ин шаҳрак бо иқдоми соҳибкор Шарипов Абдумуталиб ташкил гардида, ин ҷо ҳамдиёрони мо дар 10 сотихи замин хона бунёд намуда, дар заминҳои гирду атроф ба кори деҳқонӣ ва чорводорӣ машғуланд. Аҷибаш он ки ҳар се кӯча ба номи шахсиятҳои бузурги миллат Сино, Албухорӣ ва Сомонӣ гузошта шудааст. Латифзода Асрор Қурбон ин иқдоми соҳибкорро намунаи баланди ифтихори миллӣ арзёбӣ намуда, аз соҳибкор даъват ба амал овард, ки ҳамин гуна корҳои созандагӣ ва бунёдкориро дар кишвари худамон низ идома диҳад, то насли наврас аз сабақҳои гирифтаи онҳо баҳра баранд. Дар шаҳри Иркутск бо роҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск Меликшоев Мурувватшоҳ вохӯрӣ доир намудем. Бо роҳнамоии он кас аз фаъолияти ширкати «Шаҳри нав», ки роҳбариашро Хайриддин Давлатов бар зимма дорад, ошноӣ пайдо намудем. Ин ҳаммиллати мо солҳои сол дар сохтмонҳои азими вилояти Иркутск саҳм гирифта, беш аз 400 ҳамватанони моро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Дар сӯҳбат сохтмончиён дастгириву кӯмаки ин марди сахиро ёдовар шуда, қайд карданд, ки барои мо мушкилӣ танҳо дурӣ аз Ватан аст. Дигар ҳама шароитҳоямон хуб аст. Онҳо қайд карданд, ки қонуни танзиму расму оин дар кишварамон боис шуд, ки маблағҳоямонро сарфа карда, барои сохтмони манзилу ба таҳсили хуб фарогир намудани фарзандонамон сарф намоем. Ба ғайр аз ин чанде пеш дар вилояти Иркутск ҷамъияти Ассотсиатияи занони тоҷик арзи ҳастӣ кард, ки рисолати онҳо сарҷамъ намудани занони тоҷик ва якҷоя ҳаллу фасл кардани мушкилиҳои бонувон ва ҷалби занон ба ҳаёти воқеан солим мебошад. Латифзода Асрор Қурбон зимни мулоқот бо бонувон аз иқдомҳои шоистаи Президенти кишвар дар мавриди эълон доштани соли 2015 Соли оила ва роҳ надодан ба хонадоршавии хешовандӣ сухан ронда, аз занон даъват ба амал овард, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дар замири фарзандон бедор кардани эҳсоси худшиносӣ кӯшиш варзанд. Дар сӯҳбатҳо сокинони маҳаллӣ бори дигар аз меҳнатдӯстию мардуми тоҷик ёд карда, меваҳои шаҳдбори мамлакатамонро васф карданд. Соҳибкори тоҷик бо номи Хайриддин дар ин минтақа чун шахси саховатманд ном бароварда, борҳо ба хонаи бачагонаи шаҳри Иркурск кӯмакҳои моддӣ намудааст. Ин марди меҳандӯст бачагони тоҷикро низ аз ёд набароварда, сари чанд қадаме ки ба Тоҷикистон меояд ба хонаҳои бачагонаи ватанамон низ ёрӣ мерасонад. Дар маҷмӯъ сафари кориамон хеле сафари хотирмон буд. Тавре дар боло ишора рафт, дар ҳар куҷое ки будем, мардум иқдоми роҳбарияти кишвар ва ҳизбро оиди ошоноӣ пайдо кардан аз рӯзгори муҳоҷирон хуш пазируфтанд. Онҳо чун нерӯи бузург сиёсати давлат ва ҳукумати кишварро дастгирӣ мекунад. Он рӯз дур нест, ки кишвари ҳамешабаҳори мо аз нақши дастони ҳунармандони дар муҳоҷиратбуда боз ҳам шукуфонтар мешавад.

Наим Маликисломов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд