Дар маҳаллаи "Шарқ"-и шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва файзу фаровонӣ Наврӯзи байналмилалиро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд. Растаи ҳунармандон бо оростани хаймаҳо ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд. Ҳамаи ин бо шукронаи Истиқлолият сулҳу субот ва тинҷиву осоиштаги сар мешавад, иброз доштанд сокинони маҳалла, Дар охир ҳамаи сокинони бинои баландошёнаи №91 миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.