Ҳамингуна як аксияи бошукуҳи ғайриодӣ бо иқдоми кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо радиои “Шаҳри ман” дар зерроҳравҳо ва дохили автобусҳои шаҳр вобаста ба таҷлили Рӯзи Ғалаба  доир карда шуд. Кумиҷроия бо ҷалби ҳофизон дар зерроҳравҳо гитор дар даст сурудҳои даврони ҷангиро сароида, мардумро ба тифоқию ҳамдилӣ даъват намуданд. Ин сурудҳо мустақиман дар радиои “Шаҳри ман”  пахш мешуданд. Дар автобусҳо бошад, ҷавонони фаъол бо кормандони радио варақаҳои ҷашнӣ тақсим намуда, фикри мизоҷонро доир ба Рӯзи Ғалаба мегирифтанд. Ин мусоҳибаҳои ғайриодӣ низ тавассути радио пахш гардид. Муҳим он рӯз аксари шунавандагон аз моҳияти Рӯзи Ғалаба, ҷоннисориҳои бобоёни мо огаҳии комил ёфтанд.