Бо мақсади иҷрои нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриву мулоқотҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир гардида истодааст.

Ҳамингуна вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Умедбахш” дар назди беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва аъзои гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи шаҳр Боирҷон Раҷабов бо аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардид. Тарғиботчиён нуктаҳои ба соҳаи тандурустӣ равона шударо, шарҳу тавзеҳ доданд.