Субҳи имрӯз дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оиди дар амал тадбиқ намудани нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барои соли 2018 ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба чунин амалҳои номатлуб бо аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд» вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар ин вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Иброҳимҷон Ҷабборов ширкат варзида, баромад намуданд.

Раиси кумиҷроия дар баромади хеш иброз дошт, ки мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар дар бар мегирад.

Мавсуф зикр кард, ки коррупсия ба пешрафти ҷомеа, рушду нумуи он халал расонида, сатҳи беҳдошти мардумро паст месозад. Агар ҳар як фарди ҷомеа ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар якҷоягӣ бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои коррупсионӣ дар ҷомеа кам хоҳанд гашт.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа мебошад.