Дар асоси нақшаи кории бахши омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудири шӯъбаи омори кумиҷроия Ғуфронҷон Шарипов аз фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Мадад» дидан намуда, раванди қабул ба сафи ҳизб, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории ҷаласаҳои ҳизбӣ, рафти хонишҳои сиёсиро мавриди санҷиш қарор дод.

Зимни санҷиш маълум гардид, ки мувофиқи феҳристи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии ҳизб пешниҳод карда шудааст, ҳамаи ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд. Фаъолияти корӣ дар ташкилоти ибтидоии мазкур бо маром идома ёфта истодааст ва масъулини ташкилоти ибтидоӣ мунтазам иҷрои ҳадафҳои барномавии ҳизбро дар мадди назари хеш қарор дода, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

Чунин санҷишҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ идома дорад.