Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди шаҳри Хуҷанд бо кормандони суд вохӯрӣ доир гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Саодат Аминҷонова, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ширкат варзиданд

Дар вохӯрӣ баромадкунандагон оид нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат сухан ронда, доир ба саҳми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дипломатияи об дар сайёра, ҷалби мардум ба ҳунарҳои миллӣ ва ба ин восита, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, даъвати аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ, омодагиҳо ба ҷашнҳои миллӣ, истифодаи самараноки қувваи барқ, нагаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, хавфи оқибатҳои номатлуби коррупсия, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу субот, ҷалби занону духтарон ба илм омӯзию касбомӯзӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ ибрози назар намуданд.