Санаи 9 марти соли 2019 тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  баҳри  созандагию ободкорӣ бахшида ба сазовор  ҷашн  гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегии мазкур бошандагони маҳаллаи «Чорчароѓ»-и шаҳри Хуҷанд ҷомеаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ширкат намуданд. Иштирокдорони  ин ҳашари умумимаҳаллагӣ ҳудуди маҳалларо аз партовҳо тоза карда, баҳри ободии маҳалла саҳми худро гузоштанд.