Дар шаҳри Хуҷанд  сафи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯз аз рӯз меафзояд.

Рӯзи гузашта аз ҷониби муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиклол”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҳамрохон Атаева дар маҷлиси ҳизбии ташкилоти ибтидоии ”Меваи Истиқлолият” ба 24 нафар омузгорони фаъоли мактабинтернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Баъдан Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меваи  Истиклолият”  Гулнора Обидова барои иштироки фаъолонааш дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб ва бахшида ба чашни 25 солагии  таъсисёбии ҲХДТ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида  шуд.